22 декабр дар Муассисаи томактабии №18 шаҳри Хуҷанд чорабинии муаррифии «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» баргузор гардид. Ин иқдом бо мақсади дастгирии мураббиён ва ҷорӣ намудани тарбияи экологӣ аз давраи томактабӣ роҳандозӣ шуд.
Раҳнамои мазкур бо иштироки мутахассисони методии Раёсати маориф ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳия гардида, дар доираи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия карда шудааст. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки мавод ба талаботи амалии муассисаҳои томактабӣ мутобиқ карда шавад.
Дар роҳнамо мавзӯъҳои муҳими экологӣ ба таври содда ва фаҳмо пешниҳод шудаанд: шиносоӣ бо табиат, нигоҳубини растаниҳо, истифодаи дурусти об, шинохти ҳайвонот ва рушди мушоҳидакорӣ тавассути бозиҳои омӯзишӣ. Мавод ба мураббиён кӯмак мекунад, ки маърифати экологиро ба воситаи таҷриба ва фаъолиятҳои амалӣ ба кӯдакон наздик созанд.
Тибқи нақша, машғулиятҳо аз рӯи ин роҳнамо дар 5 муассисаи томактабӣ ба таври пилотӣ ҷорӣ мегарданд. Дар натиҷаи марҳилаи озмоишӣ мавод боз ҳам такмил дода шуда, сипас тадриҷан дар дигар муассисаҳо истифода бурда мешавад.
Илова бар ин, ба мураббиён аёниятҳо ва маводи иловагӣ барои баргузории машғулиятҳои амалӣ низ пешниҳод гардиданд, ки имкониятҳои омӯзиширо боз ҳам беҳтар мегардонанд.
Раёсати маорифи вилояти Суғд