ygpe news

ЭКСКУРСИЯ ВА ОМӮЗИШИ ТАБИАТИ НОДИРИ КӮҲИСТОНИ ш. ИСТИҚЛОЛ

2025-05-01 10:50 Green Patrols
Дар ҷараёни сафар, хонандагон имкони наздик шинос шудан бо зебоии табиати кӯҳистон ва нодиртарин намудҳои наботот ва ҳайвонотро пайдо карданд.Аз ҷумла, онҳо лолаи нодири Грейга (Tulipa greigii) -ро, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст,мушоҳида карданд. Ин лола диққати махсуси хонандагонро ба худ ҷалб кард. Дар робита ба он, миёни хонандагон саволҳо пайдо шуданд, ки оё метавон ин гули зеборо зиёд ва нигоҳ дошт.Пешниҳод гардид,ки пиёзаи он бо эҳтиёт ҷамъовари шуда ,дар гармхонаҳо парвариш ёбад ва пас аз он дар ҳудуди муассисаи таълими шинонида шавад.

Илова бар ин, хонандагон бо парандагони маҳаллӣ, хазандагон, ҳашаротҳои гуногун,инчунин гулсангҳо, обсабзҳо шинос шуданд. Онҳо омӯзидан, ки ҳар як узви табиат чӣ гуна нақш дар экосистема мебозад.


Дар рафти сафар инчунин ба хонандагон тарзи дурусти тайёр кардани гербарий омӯзонида шуд. Бо дастгирии роҳбари «Нозирони сабз «,онҳо гиёҳҳои муайянро бо эҳтиёт ҷамъ оварда, қадам ба қадам тарзи хушккунӣ, нигоҳдорӣ ва номгузории онҳоро омӯхтанд.

Чунин экскурсияҳо на танҳо дониш ва ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ мекунанд, балки ҳисси эҳтиром ба табиат, масуълиятшиносӣ ва руҳияи солимро дар онҳо тақвият мебахшанд. Инчунин, наврасонро аз роҳҳои номатлуби ҳаёт - аз ҷумла экстремизм , терроризм ва дигар амалҳои ғайриахлоқӣ - дур нигоҳ медоранд.

МТМУ 2 шаҳри Истиқлол